Сафари кории муовини якуми раиси Кумита ба ноҳияи Мурғоб
Дар асоси барқияи Ҳукуматӣ ва бо мақсади ба таври пурра таъмин намудани иҷрои нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2023 ва сари вақт бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта аз санаи 2 то 6 – уми октябри соли ҷорӣ муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ба ноҳияи Мурғоби ВМКБ сафари корӣ анҷом доданд.
Мақсад аз сафар ба ноҳияи Мурғоб ин вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва иншооти бунёдшаванда бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ, фаъолияти корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ҳамзамон муовини якуми раиси Кумита дар рафти сафари корӣ бо аҳолии ноҳия суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба мавсими зимистонгузаронӣ анҷом доданд.