Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 528
    Дар асоси нақшаи корӣ бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, аз тарафи...

    Баргузории чорабиниҳои кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шаҳри Бӯстон               


                                              


    Дар асоси нақшаи корӣ бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, аз тарафи кормандони шуъбаи  назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи сарраёсат ва бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон, дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят дар кӯчаи марказии нақлиётгарди даромади шаҳр амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.

    Дар маҷмӯъ, дар рафти амалиёт 33 адад нақлиётҳои тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид.

    Нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёте, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳия ирсол гардид.

    IMG-20230914-WA0002.jpg IMG-20230914-WA0005.jpg