Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 449
    Вобаста ба дастури раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Гузоштани қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ

                                              


    Вобаста ба дастури раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Ҳисор бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор аз тарафи Муассисаи давлатии ободонӣ ва кабудизоркунии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор айни ҳол 8 адад зарфҳо барои партовҳои пластики дар шафати шоҳроҳ насб карда шуда.

    Инчунин, 20 адад зарфҳо барои партовҳои пластикӣ сохта шудааст, ки дар рӯзҳои наздик дар шафати роҳҳои протоколии ҳудуди шаҳр насб карда мешавад.

    Мақсад аз рӯи даст гирифтаи ин иқдоми наҷиб таъмини тозагии ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ миёни сокинон ва тарғиби фарҳангу маданияти волои шаҳрнишинӣ арзёбӣ мегардад.

    Рисунок3.jpg Рисунок4.jpg