Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 396
    Баҳри иҷрои нақшаи корӣ, бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф, баланд бардоштани...

    Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истиқлол             


                                              

    изображение_viber_2023-08-12_08-59-17-669.jpg

    Баҳри иҷрои нақшаи корӣ, бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Истиқлол аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия 50 нафар омӯзгорон ва хонандагони муассиса фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи муассиса аз алафҳои худрӯй ва бегона, партовҳои гуногун тоза ва аз тарафи КДФ ХМК партовҳо ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.

    Чунин аксияҳои экологӣ дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ гузаронида шуда истодааст.