Озмуни «Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Баҳри ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар Муассисаи таълимии давлатии махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқат дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмуни «Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон» гузаронида шуд.
Озмун бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил ва гузаронида шуда, дар он устодони МДТ Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, намояндагони шуъбаи маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, омӯзгорон ва хонандагони муассиса иштирок доштанд.
Оғози чорабинӣ хонандагони мактаб мусаввараҳои худро дар мавзуҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистон, гармшавии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо, ҳифз ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ ба намоиш гузоштанд, ки ҳайати ҳакамон, ба донишу қобилияти хонандагон доир ба экология баҳои баланд доданд.
Дар интиҳои чорабинӣ барои гирифтани ҷойҳои намоён ва иштироки фаъолона дар озмун, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия 30 нафар хонандагонро бо диплом ва туҳфаҳо сарфароз гардонид.