Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 357
    Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати...

    Иштирок дар намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе             


                                              


    Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни умумимиллӣ - 32-солагии Истиқлоли давлатӣ 9 сентябри соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ иштирок намуд.

    Дар намоишгоҳ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик”-и вилоят навъҳои гуногуни моҳӣ ва маҳсулоти аз онҳо омодашуда ба намоиш бароварда шуд .

    Бо мақсади амалӣ намудани “Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, афзоиш ва зиёд намудани захираҳои моҳӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дарёчае, ки аз ҳудуди Боғи мазкур мегузарад, даҳ ҳазор адад моҳиҳои навъи “амури сафед” ва «пешонапаҳн»-ро сар доданд.