Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 578
    Санаи 21 сентябри соли 2023 дар ҳошияи Иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии...

    Вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо директори Фонди рушди Саудӣ             


                                              

    ac0bdb4a-b60a-4161-8f9a-90ad2cd76f07.jpg

    Санаи 21 сентябри соли 2023 дар ҳошияи Иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО мулоқоти дуҷонибаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳдмаҷон бо директори Фонди рушди Саудӣ ҷаноби Султон Абдулраҳмон Ал-Маршад баргузор гардид.

    Зимни вохӯрии мазкур Шерализода Б.А. масъалаи сиёсати кунунии экологӣ, иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти об ва тағйирёбии иқлим, аз ҷумла баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст, инчунин масъалаҳои дигари муҳими марбутаро баррасӣ намуданд.

    Дар қисмати ниҳоии мулоқот ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фонди болозикр дар заминаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зистро тақвият диҳанд. Инчунин, раиси Кумита ҷаноби Султон Абдулраҳмон Ал-Маршадро барои боздид намудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти муносиб даъват намуд.