Баррасии масъалаҳо дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита
18 сентябри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ҷаласаи навбатии ҳафтаинаи Кумита баргузор гашт. Дар он фаъолияти раёсату шуъбаҳо, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар ҳафтаи аз 4 то 18 сентябри соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дошт.
Тибқи тартиби кори ҷаласа, сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. оид ба фаъолияти сохторҳо бо ҳисоботи таҳлилӣ баромад намуд.
Дар ҷаласа иҷрои саривақтии мактубҳо, масъалаи интизоми меҳнат ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди таваҷҷуҳи муовини якуми раиси Кумита қарор дода шуд.
Бо назардошти баррасии масъалаҳо, пурсиши супоришҳо ва таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдори ҷаласа қабул карда шуд.