Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 318
    Дар самти баланд бардоштани маърифати экологӣ ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи...

    Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Нақши Истиқлоли давлатӣ дар ҳалли муаммоҳои ҳифзи муҳити зист»               


                                              


    Дар самти баланд бардоштани маърифати экологӣ ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», бахшида ба таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар факултети геоэкология ва туризм конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши Истиқлоли давлатӣ дар ҳалли муаммоҳои ҳифзи муҳити зист» баргузор гардид. Дар кори конференсияи мазкур намояндаи ректорати Донишгоҳ, декан ва устодони факулта, донишҷӯён ва намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист тибқи даъват иштирок доштанд.

    Тибқи барномаи конференсия аз тарафи иштирокчиён дар мавзуъҳои «Давраҳои такомул ва рушди мақомоти ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муаммоҳои муосири ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли онҳо» ва дар васфи Истиқлоли давлатӣ баромадҳо пешниҳод гардиданд.

    Дар интиҳо аз ҷониби намояндаи Сарраёсат ба садорати факултети геоэкология ва туризм, кафедраи экология ва ҳифзи табиат, кафедраи геоэкология ва методикаи таълим, кафедраи географияи табиии факултет, дар маҷмӯъ 4 адад Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

    20230907_141545.jpg 20230907_143611.jpg