Вохӯрии кормандон бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
12 сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони Кумита бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ, ки таҳти раёсати муовини раиси Кумита Мавлодод А. доир гардид, аз тарафи намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирӣ Алишер масъалаҳои пешниҳод аз натиҷаи санҷиши қаблан гузаронидаи Агентӣ дар мақомоти мазкур ва санади эътиноӣ нисбат ба масъулоне, ки аз тарафи онҳо дар иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 камбудиҳо роҳ дода шудааст, мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд.
Зимни фаҳмонидани моҳияти ҳуҷҷати мазкур, ки барои ислоҳи камбудиҳо пешниҳод гардидааст, қайд карда шуд, ки ҳарчанд фаъолияти Кумита дар самти иҷрои чорабиниҳои болозикр мусбат арзёбӣ гашта бошад ҳам, иҷрои баъзе бандҳо номукаммал арзёбӣ гардидааст. Ҳадаф аз гузаронидани санҷиши мазкур ҳам дар он аст, ки камбудиҳо саривақт бартараф гашта иҷрои босифати Нақша-чорабиниҳои ҳуҷҷати мазкур таъмин гардад.
Дар рафти вохӯрӣ масъулони соҳавӣ оид ба масъалаҳои марбутаи самташон саволҳо дода, ба онҳо аз тарафи намояндаи Агентӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.