Вохуриҳои канории муовини раиси Кумита дар рафти сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон
Санаи 9-10 сентябри соли 2023 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Конференсияи байналмилалии мубориза бо гарду ғубор баргузор гардид, ки дар он ҳайати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳуртии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Кумита ширкат варзиданд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи иштирок дар Конференсияи байналмилалии мубориза бо гарду ғубор муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо бо муовини Президенти Ҷумуҳурии Исломии Эрон, роҳбари Созмони ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Исломии Эрон Али Салоҷеҳ, Директори Маркази тадқиқотӣ оид ба муҳити зист ва рушди устувор Равонбахш Ширдам вохӯриҳои дуҷониба баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ, таъмини ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалии кишварҳо оид ба мубориза бо чангу ғубор ва масъалаҳои дигари муҳими марбута таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Инчунин, дар доираи вохӯриҳои болозикр муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. С. аз ташаббусҳои ҷахонии кишвар дар пешбурд ва ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи чаҳонӣ ёдоварӣ намуда, изҳори умедвории хешро вобаста ба дастгирии амалишавии онҳо аз ҷониби шарикони рушд иброз намуданд.