Иштирок дар конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо тӯфонҳо ва чангу ғубор
9 ва 10 сентябри соли 2023 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо тӯфонҳо ва чангу ғубор баргузор гардид, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон намояндагӣ кард.
Бино ба маълумоти дастрасшуда дар оғози конфронси мазкур Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ ва дабири кулли СММ Антонио Гуттериш иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар конфронси байналмилалӣ, инчунин вазирон ва намояндагони давлатҳои Африқо ва Аврупову Осиё иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиши байналмилалии мазкур аз ҷониби муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Қиёмзода З. вобаста ба тадбирҳо оид ба мубориза бо тӯфонҳои чангу ғубор дар Тоҷикистон сухан ба миён оварда шуд.
Натиҷаи баргузории конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо тӯфонҳои чангу ғубор барои тақвияти амалҳо ва ҳамкориҳои глобалӣ ва минтақавӣ ҳамчун мушкилоти аҳамияти байналмилалӣ, пешниҳод кардани амалҳои мувофиқашуда ва дастаҷамъӣ барои ҳалли дуруст ва саривақтии ин мушкилоти ҷиддӣ мусоидат менамояд, ки оид ба ҳамаи масъалаҳои марбута ҳусни тафоҳум сурат гирифт.