Иштироки эковолонтёрони Кумита дар аксияи таблиғотии “Душанбе – шаҳри сабз”
Санаи 7 сентябр аз ҷониби эковолонтёрони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба истиқболи Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи ду чорабинии муҳими сатҳи баланд — Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки рӯзҳои 14-15 сентябр дар пойтахт баргузор мешаванд, тасмим гирифта шуд, ки дар Боғи Куруши Кабири пойтахт аксияи таблиғотиро таҳти унвони “ДУШАНБЕ – ШАҲРИ САБЗ” ташкил ва баргузор намоянд.
Эковолонтёрони Кумита иборат аз донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар нахуст дар боғ ҳолати вайрон намудани қоидаҳоро нисбат ба тозагии муҳити атроф аз ҷониби сокинону меҳмонон мушоҳидаву назорат намуданд.
Пас аз мушоҳидаҳо волонтёрон бо истироҳаткунандагони боғ дар бораи моҳияти эълон шудани “Душанбе ҳамчун шаҳри сабз” пурсишҳо гузаронида, варақаҳои иттилоотиро марбут ба мавзӯҳои “Муомилот бо партовҳо”, “Зарари партовҳои пластикӣ ба муҳити зист ва саломатӣ”, “Ҳаёт бидуни пластик гуворост” тақсим намуданд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин аксияҳои таблиғотӣ ва тақсим кардани варақаҳои иттилоотӣ миёни сокинону меҳмонони пойтахт барои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва масъулиятшиносии аҳолӣ мусоидат менамояд.