Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 470
    Дар асоси нақша чорабиниҳои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷамоати деҳоти...

    Баргузории аксияҳои экологӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи иҷрои Барномаи экологӣ              


                                              


    Дар асоси нақша чорабиниҳои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷамоати деҳоти Зайнабобод аксияи “Тозагии маҳал” бо иштироки 80 нафар сокинони деҳаи Оли Сомон баргузор гардид, ки дар натиҷа 500 метр роҳи пиёдагарди деҳаи мазкурро тоза намуда, 8 метри мукааб партовҳои сахти маишӣ тоза карда шуданд. Дар ҷамоати деҳоти Роҳатӣ дар аксияи мазкур 140 нафар ширкат намуда, 1200 метр роҳҳои маҳаллаҳо ва пиёдагард тоза карда шуда, 8 метри мукааб партовҳо тоза карда шуд.

    Дар ҷамоати деҳоти Гулистон 1500 метр кӯчаҳои деҳаҳо, канори роҳ, атрофҳои корхонаву муассисаҳо тоза карда шуд. Рафти чорабинии мазкур бо иштироки 83 нафар сокинони ҷамоат баргузор гардида, 4 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуданд.

    Инчунин, дар ҷамоати деҳоти Роҳатӣ аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуд. Дар чорабини 80 нафар иштирок намуда, тавассути техникаи махсус 700 метри мукааб соҳили канал аз партовҳо тоза карда шуда, 5,0 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи расмии шаҳри Душанбе интиқол дода шуд.

    Дар ҷамоати деҳоти Гулистон бо иштироки 78 нафар, дарозии 1600 метр соҳили канали асосии Мавлоно то соҳили дарёи Кофарниҳон аз ҳар гуна партовҳо тоза карда шуда, 6 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуд.

    Баҳри беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз ҷониби мутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ дар Раёсати омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо кормандони Раёсати омор оид ба “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд.

    1693975701957.jpg махал зайнабобод.jpg сохил гулистон.jpg