Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 532
    5 сентябри соли 2023 дар шаҳри Астана пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ...

    Маҷлиси Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ             


                                              

    IMG_20230905_080047.jpg

    5 сентябри соли 2023 дар шаҳри Астана пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ (ICSD) баргузор гардид.

    Дар ин нишаст ҳамчунин раҳбарони идораҳои ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва намояндагони вазоратҳои блоки иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат доштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нишасти мазкур муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод А. М. намояндагӣ кард.

    Дар рафти чорабинӣ ҳисобот оид ба Нақшаи кории ICSD барои солҳои 2022-2024 шунида шуда, масъалаи Маркази минтақавии идоракунии партовҳо дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

    Ҳадафи ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор масъалаҳои  баррасии Нақшаи кории ICSD ва Қарорҳои ҷаласаи қаблии ICSD ва муайян кардани дурнамои оянда, татбиқи Барномаи минтақавии ҳифзи муҳити зист барои рушди устувор, инчунин  дигар масъалаҳои марбутаи  Осиёи Миёна ва минтақа мебошад.

    Дар хотима, ба имзо расидани қарорҳое, ки дар остонаи нишасти сарони давлатҳои IFAS, ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд. Дар анҷоми вохӯрӣ маросими имзои қарорҳои ICSD баргузор гардид.