Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 550
    Масъалаи воридшавии Номинатсияи мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи Палангон” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии...

    Маълумот оид ба номинатсияи мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон”             


                                              


    Масъалаи воридшавии Номинатсияи мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи Палангон” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар сессияи калони мероси умумиҷаҳонӣ, ки аз 10 то 25 сентябри соли 2023 дар Арабистони Саудӣ баргузор мегардад, баррасӣ мегардад.

    Бояд тазаккур дод, ки масъалаҳои ҳифзи муҳити зист зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт пайваста ғамхорӣ зоҳир мегардад.

    Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини иҷрои супоришҳои протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода ва пешниҳоди Номзадии мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” ҷиҳати воридшавӣ ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ҳанӯз аз соли 2021 оғоз гардида буд.

    Бинобар ин, бо фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода ва пешниҳод намудани Номинатсияи мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО Гурӯҳи кории махсус аз ҳисоби кормандону мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва коршиносони миллии соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда таъсис дода шуд.

    Номинатсияи мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва сипас аз ҷониби Комиссияи миллӣ ба Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод гардид.

    Тибқи номаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО Номинатсияи мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон»-ро баррасӣ карда, онро аз ҷиҳати техникӣ ба талаботи ЮНЕСКО пурра ҷавобгӯ арзёбӣ намуд.

    Дар робита ба ин, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба таври зарурӣ корбарӣ намуда, тибқи дархости Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат маводҳои иловагӣ ба Номинатсияи мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон”-ро омода карда, дар муҳлати муқарраргардида бо роҳҳои дипломатӣ ба Маркази мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дастрас намуд.

    Тавре дар оғоз қайд гардид, масъалаи воридшавии Номинатсияи мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи Палангон” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар сессияи калони мероси умумиҷаҳонӣ, ки аз 10 то 25 сентябри соли 2023 дар Арабистони Саудӣ баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.