Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба силсилаи давлатдории беш аз ҳазорсолаи ниёгонамон пайвастагӣ дорад, бо оини навини давлатдории кишварамон бо камоли ифтихору сарфарозӣ, ҳамчун ҷашни асосии миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери Парчами миллии худ ва таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо меҳнати бунёдкорона мушкилоту монеаҳои сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳилаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд.
Дастовардҳои Тоҷикистон дар 32-соли Истиқлоли давлатӣ, мақому манзалати давлатамон дар арсаи байналмилалӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар муҳлати хеле кӯтоҳ кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат он роҳеро тай намуд, ки ниёгони мо аз аҳли Оли Сомон онро тӯли мавҷудияти давлати Сомониён гузашта, забон, фарҳанг ва ҷавҳари миллии халқи тоҷикро барои садсолаҳо ҳифз карданд.
Ин ҳама корҳои созандагию бунёдкорӣ ва сабзу хуррамгардонии ҳар як гӯшаю канори ҷумҳурӣ самараи Истиқлоли давлатӣ, сарҷамъию муттаҳидии мардум ва сулҳу суботи комили кишвари мо мебошад. Мақомоти ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба шарофати файзи Истиқлоли кишвар ба яке аз сохторҳои асосӣ ва муҳими давлатӣ табдил ёфтааст. Корҳое, ки тайи солҳои охир амалӣ гардиданд, нуфузу эътибори соҳаро ба сатҳи байналмилалӣ бароварданд. Қабули як қатор қонунҳои соҳавӣ, Барномаву стратегияҳои соҳавӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тартибу дастурамалҳои пешбурди назорати давлатии истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист, сохтмони биноҳои маъмурии раёсатҳо, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои алоҳида, марказҳои омӯзишӣ-методӣ, озмоишгоҳҳо, гузаронидани аксияҳои экологӣ, дар доираи фаъолияти Кумита амалӣ гашта, дар самтҳои дигари фаъолияти мақомоти соҳавӣ низ дастовардҳои назаррас ба назар мерасанд.
Дар партави омодагӣ ба ҷашни сазовори 35-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки моро зарур аст, ки роҳу усулҳои фаъолиятамонро такмил диҳем, аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоем, то табиати нозанини кишварамон, ки хонаву манзили мост, ҳамеша ободу сарсабз бошад.
Ҷашни 32-солагии Истиқлоли Тоҷикистони азизро ба кормандону мутахассисон ва собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист, тамоми ҳамватанонамон табрику муборакбод мегӯям. Бароятон, ҳамкорони азиз, фаъолияти пурмаҳсули соҳавӣ, мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ, барори кору муваффақиятҳои ҳаррӯзаи меҳнатию ҳаётиро таманно менамоям. Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад.