Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 543
    Бо мақсади ободу зебо намудани қитъаҳои алоҳидаи ноҳияҳои пойтахт ва мутобиқ ба талаботҳои агротехникӣ...

    Гулҳои Душанбе               


                                              


    Бо мақсади ободу зебо намудани қитъаҳои алоҳидаи ноҳияҳои пойтахт ва мутобиқ ба талаботҳои агротехникӣ шинонидани дарахту бутта ва гулу сабзазор дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар шаҳри Душанбе» кучати 13147315 дона гулҳои мавсимию бисёрсола ва лола дар гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт ба нақша гирифта шуд.

    Бояд қайд намуд, ки то имрӯз тибқи қарори болозикр дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба миқдори 15 947 307 дона гул шинонида шуд, ки аз ин 7214631 дона гулҳои мавсимӣ, 3 031 759 дона гулҳои бисёрсола ва 5 700917 дона гули лола мебошад.

    Бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо инобати таъмини сарсабзию шукуфоии пойтахт ба истиқболи сазовори ҷашни миллӣ 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаву хиёбон, гулгашт ва боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе ба миқдори 1 млн 800 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ шинонида шуд, ки воқеан ба ҳусни шаҳр ҳусни дигар зам намуда, гулгашту хиёбонҳо назаррабо гардиданд.

    Бояд таъкид намуд, ки бо мақсади таъмин намудани кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳо бо гулҳои тару тозаи ороишӣ бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатии “Сабзкорӣ”-и шаҳри Душанбе бо ҷалби мутахассисон бо истифода аз усулҳои парвариши муосири гулпарварӣ гулҳо парвариш ва дар вақти муайян дар гулгашту хиёбонҳо кучат карда мешаванд.

    FB_IMG_1693911886820.jpg FB_IMG_1693911916817.jpg