Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 559
    Дар доираи иҷрои дастури роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Пешгирӣ аз партовҳои пластикӣ дар шаҳри Бохтар               


                                              


    Дар доираи иҷрои дастури роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи муҳити зист аз партовҳои пластикӣ бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бохтар дар тамоми кӯчаву хиёбонҳо қуттиҳои санитарӣ барои ҷамъоварӣ намудани қуттиҳои пластикӣ ташкил карда мешавад. Аз ҷумла, санаи 4-уми сентябри соли 2023 дар кӯчаву хиёбонҳои гуногуни шаҳри Бохтар 12 нуқтаи ҷамъоварии маводи пластикӣ гузошта шуд.

    Мақсад аз рӯи даст гирифтаи ин иқдоми наҷиб таъмини тозагии ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ миёни сокинон ва тарғиби фарҳангу маданияти волои шаҳрнишинӣ арзёбӣ мегардад. Зеро солҳои охир бинобар афзоиши истеҳсол ва истифодаи маводи пластикӣ ва беэътиноии баъзе сокинон дар кӯчаву хиёбонҳо зарфу дигар маводи пластикӣ зиёд ба назар мерасанд, ки ҳусни шаҳрро коста мегардонанд.

    Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бохтар назди худ мақсад гузоштааст, ки дар якҷоягӣ бо дигар соҳаҳои хоҷагии халқ аз ҷумла, муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ва масъулони муассисаҳои фарҳангӣ дар тамоми кӯчаву маҳаллаҳо ва нуқтаҳои ҷамъиятӣ чунин қуттиҳоро ҷойгир намояд. 

    ФОТО АЗ БОҒҲОИ Ш БОХТАР.jpg ФОТО АЗ КУЧАҲО.jpg ФОТО Б.jpg ФОТО ЯК Ш БОХТАР.jpg