Бинои шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъмир ва ба талаботи ҳозиразамон мутобиқ карда шуд
Дар ин бора аз шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.
Ба иттилои масъулони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар расми аз нав ба истифода супоридани бинои навтаъмири ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Ҳизби халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок доштанд.
Иқдоми мазкур аз тарафи роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифта шуд.
Бинои ин шуъба аз ҷониби Кумита бо мизу курсиҳо, ҷевону қолин ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин гардида, ҳамчунин дар таъмири он соҳибкорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ саҳм гузоштанд.