Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ, бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва маҳаллаҳои аҳолинишин дар ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода бо ҷалби шаҳрвандон аксияи “Тозагии роҳ” баргузор гардид. Дар аксияи мазкур 53 нафар иштирок намуда, дарозии 1300 метр шоҳроҳи мазкур аз партовҳои маишӣ тоза карда шуда, 3 метри куби партовҳо бароварда шуд.
Инчунин, дар ҷамоати деҳоти Чоргултеппа дар шоҳроҳи Душанбе – Бохтар бо иштироки 200 нафар сокинони деҳаҳои Чорсу, Саховат ва Куктош ба масофаи 1700 метр канори роҳ аз ҳар гуна партовҳо тоза карда, 8 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи ноҳия интиқол дода шуд.
Дар кӯчаи Ҷавонони ноҳияи мазкур аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 60 нафар сокинон иштирок намуда, дарозии 60 метр тоза карда шуда, 120 метри мукааб партовҳо ба воситаи 2 адад техникаи махсус ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуд.
Баҳри беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз ҷониби мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷамоати деҳоти Чоряккорон ва ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳия доир ба “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар байни аҳолӣ ва бо мураббиёну кӯдакони маркази “Инкишофи кӯдак” суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.