Супоридани мукофотҳои давлатӣ ба кормандони Кумита
4 сентябр дар дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров Исфандиёр ва сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Кумита Азизбекова Шаҳло медали Хизмати шоиста супорида шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ кормандони Кумитаро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дастовардҳои кишвари моро дар даврони Истиқолои давлатӣ таҳти роҳбарию корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор дод. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки дастгирӣ ёфтани 5 ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу экология ва дигар ташаббусҳои глобалии ҷониби Тоҷикистон ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зистро водор менамояд, ки ҳамеша меҳнати самарабахш намуда, дар пешрафту шукуфоӣ ва рушди иқтисодиёти Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки 30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.
Дар ин миён муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Сӯфиҷон низ бо медали Хизмати шоиста мушарраф гардид.