Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 498
    Дар доираи сазовор таҷлил намудани Иди миллии 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Аксияи экологӣ дар соҳили рости дарёи Душанбе               


                                              


    Дар доираи сазовор таҷлил намудани Иди миллии 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикороти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе аксияҳои экологӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

    Дар қисмати рости дарёи Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ аксияи “Тозагии соҳил” баргузор гардид, ки дар он кормандони Маркази савдои “Ашан” фаъолона ширкат намуда, дар ҷараёни аксия ҳудуди соҳил дар масофаи 135 метри тӯлонӣ тоза гашта, дар ҳаҷми 3,8 м3 партовҳои сахти маишӣ ва пластикӣ ҷамъоварӣ ва бароварда шуд.

    Дар ҷараёни ҷамъоварии партовҳо маълум гардид, ки қисмати зиёди партовҳоро партовҳои пластикӣ, махсусан баклашкаҳо ташкил медиҳад. Дар ҷомеаи имрӯза афзоиши партовҳои пластикӣ яке аз мушкилотҳои экологӣ ба ҳисоб меравад, ки таъсири манфии он ба муҳити зист бештар аст.

    Бо инобати пешгирӣ аз партовҳои пластикӣ Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе  қуттиҳои турии хурди партовро дар якчанд муассисаи таълимии пойтахт ҷойгир намуда, ба сохторҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе дастур додааст, ки чунин қуттиҳои турии хурди партовро дар муассисаҳо омода ва насб намоянд.

    Чунин тарзи муносибат имконият медиҳад, ки маводҳои пластикӣ бештар ҷамъоварӣ ва коркард карда шавад.

    Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки бо мақсади худдорӣ аз борхалтаҳои пластикӣ ва истифодаи бештари халтаҳои қоғазин ва латтагин дар ҳамкорӣ бо марказҳои савдо ва дигар марказҳои хизматрасонии пойтахт аксияҳои тарғиботи экологиро бештар роҳандозӣ намуда, бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро зиёдтар ба роҳ монад.

    FB_IMG_1693034353816 (1).jpg FB_IMG_1693034360845.jpg