Намоишгоҳи ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошим дар Боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе
2 сентябри соли ҷорӣ дар Боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе намоиши фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангии адабии алоҳида шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ Мурғоб ва Ишкошим баргузор гардид. Дар чорабинӣ маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ пешкаши тамошобинон ва харидорон гардид.
Намояндагони мақомоти масъул ва меҳмонони дохилу хориҷ дар кишвар аз ин намоиши ҷаззобу диданӣ баҳравар гардиданд.
Воқеан ҳам дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон анъанаҳои неки гузаштаи пурифтихори миллати кӯҳанбунёди тоҷик ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд. Ҳамаи ин ганҷинаи ҳунарҳои мардумӣ, ки аз қадим такмил гардида, то замони мо расидааст, имрӯз низ ҳамчун маҳсулоти мавриди таваҷҷуҳи хосу ом қарор гирифтаанд.
Чунин иқдом барои муаррифӣ намудани дастовардҳои мардуми минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ барои сокинон ва меҳмонон мусоидат менамояд.