Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Спитамен
Ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили сазовори Ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аксияи тозагии маҳал ва роҳ гузаронида шуд.
Дар рафти чорабиниҳои мазкур беш аз 80 нафар намояндагони муассисаю ташкилот ва аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуда, дар натиҷа кўчаҳои маркази ноҳия ва 2 км ҷўйборҳои қадди роҳҳо аз партовҳои гуногун тоза гардид ва 4 м3 партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд.