Ҷамъбасти иштироки ҳайати Кумита дар Ассамблеяи 7-уми Фонди глобалии экологӣ
Санаи 25 августи соли 2023 дар шаҳри Ванкувери Канада маросими ҷамъбасти Ассамблеяи 7-уми Фонди глобалии экологӣ аз ҷониби Сарвазири Канада, ҷаноби Ҷастин Трюдо баргузор гардид, ки дар он ҳайати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳуртии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи иштирок дар Ассамблеяи 7-уми Фонди глобалии экологӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур бо ҷаноби Дэвид Купер, котиби Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ хонум Ҷо Пури, муовини президенти Фонди байналмилалӣ барои рушди кишоварзӣ ҷаноби Герман Веласкез, директори раёсати пешгирӣ ва мутобиқшавии Фонди иқлими сабз хонум Мариа Ҳелена Семедо, муовини директори глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ва хонум Валери Хики, директори глобалӣ оид ба муҳити зист, захираҳои табиӣ ва иқтисодиёти кабуди Бонки Ҷаҳонӣ вохӯриҳои дуҷониба баргузор намуданд.
Зимни вохӯриҳо ҷонибҳо ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ, ифлосшавии муҳити зист ва масъалаҳои дигари муҳими марбута таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Инчунин, дар доираи вохӯриҳои болозикр раиси Кумита Шерализода Б.А. аз ташаббусхои ҷахонии кишвар дар пешбурд ва ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи чаҳонӣ ёдоварӣ намуда, изҳори умедвории хешро вобаста ба дастгирии амалишавии онҳо аз ҷониби фондҳои экологӣ ва шарикони рушд иброз намуданд.
Бояд хотиррасон шуд, ки аз 22 то 26 август дар Ассамблеяи Фонди глобалии экологӣ дар шаҳри Ванкувери Канада аз 185 кишвари ҷаҳон вазирони ҳифзи муҳити зист ҷамъ оварда, зимни Ассамблеяи мазкур маросими баимзорасонии оғози фаъолияти Фонди глобалии чаҳорчӯби биогуногунӣ (GBFF) баргузор гарид, ки он барои сармоягузории соҳаи ҳифзи муҳмити зисти кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидат хоҳад намуд.