Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 669
    25 августи соли 2023 дар доираи иштирок дар Ассамблеяи 7-уми Фонди глобалии экологӣ вохӯрии...

    Вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо вазири рушди байналмилалии Канада             


                                              

    370427128_626780849568257_2488011067546885140_n.jpg

    25 августи соли 2023 дар доираи иштирок дар Ассамблеяи 7-уми Фонди глобалии экологӣ вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо вазири рушди байналмилалии Канада ҷаноби Аҳмед Ҳуссен баргузор гардид.

    Зимни вохӯрии ҷонибҳо раиси Кумита Шерализода Б. А. ва вазири рушди байналмилалии Канада ҷаноби Аҳмед Ҳуссен масъалаи сиёсати кунунии экологӣ, ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти об ва тағйирёбии иқлим, аз ҷумла баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст, инчунин масъалаҳои дигари муҳими марбутаро баррасӣ намуданд.

    Хотиррасон мекунем, Ассамблеяи Фонди глобалии экологӣ дар чор сол як маротиба баргузор гардида, яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи Ассамблеяи мазкур оғози фаъолияти Фонди глобалии гуногунии биологӣ (GBFF) мебошад, ки барои сармоягузории соҳаи экологияи кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидат хоҳад намуд.