Баррасии масъалаҳо дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита
21 августи соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти мақомот ва марказу муассисаҳои тобеи он дар ҳафтаи аз 1 то 18 августи соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дошт.
Тибқи тартиби кори ҷаласа, сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. оид ба фаъолияти сохторҳо бо ҳисооти таҳлилӣ баромад намуд. Пас аз ироаи ҳисоботи таҳлилӣ муовини якуми раиси Кумита З.Қиёмзода оид ба масъалаҳои ҷорӣ ибрози назар намуда, аз фаъолияти нокифояи баъзе сохторҳои соҳавӣ изҳори норозигӣ баён намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои иҷрои қарорҳои мушовара, масъалаи интизоми меҳнат ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди таваҷҷуҳи муовини якуми раиси Кумита қарор дода шуд.
Бо назардошти баррасии масъалаҳо, пурсиши супоришҳо ва таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдори ҷаласа қабул карда шуд.