Худдорӣ аз борхалтаҳои пластикӣ
Бо чунин унвон дар Маркази савдои “Ашан” бо ибтикороти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе аксияи таблиғотии экологӣ доир гардид.
Дар ҷараёни аксияи таблиғотии экологӣ ба мизоҷон- харидорон моҳияти истифодаи борхалтаҳои қоғазин ва латтагин фаҳмонида шуда, гуфта шуд, ки таъсири манфии борхалтаҳои полиэтиленӣ ба раванди биологии ҷудошавӣ (пусидан) дучор нагашта, таҷзияи ин гуна партовҳо солҳои тӯлониро фаро мегирад.
Таъкид гардид, ки истифодаи маводҳои пластикӣ дар ҳоли афзоиш қарор дошта, ба вазъи муҳити зист таъсири манфӣ расонида истодааст.
Дар ин зимн, бо инобати коҳиш додани маводҳои полиэтиленӣ истифодаи мақсадноки борхалтаҳои латтагин ва қоғазин муҳитро аз олудагиҳо пок нигоҳ медорад.
Ҳамзамон, кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар баробари гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба харидорон варақаҳои иттилоотиро дастрас намуданд.
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе чунин тадбири экологиро минбаъд дар дигар марказҳои бузурги савдою хизматрасонии маишӣ дар пойтахт роҳандозӣ менамояд.