Мизи мудаввар оид ба Рафти амалигардонии конвенсияи Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
22 августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгузаронии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Қиёмзода Зарафо Сӯфиҷон, ки ҳамоҳангсозии конвенсияи Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯш дорад, мизи мудаввар дар мавзӯи “Рафти амалигардонии конвенсияи Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар чорабинӣ ба ҷуз аз мутахассисони масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зист, мушовирони Марказҳои Орхус дар минтақаҳо ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе фаъолона иштирок доштанд.
Муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З.С. дар назди ҳозирин дар мавзӯи «Татбиқи иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Конвенсияи Орхус” бо маърӯза баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки фаъолияти барномавии Марказҳои Орхуси Тоҷикистон тавассути КВД ИИ “Табиат”-и Кумита мутамарказонида шудааст ва ҳар як чорабинии аз тарафи онҳо баргузормешуда дар сомонаи www.aarhus.tj интишор карда шавад ва ин амал имкон медиҳад, ки фаъолияти Марказҳои Орхус дар минтақаҳо аз ҷониби масъулин мониторинг карда шавад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки Марказҳои Орхуси Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии қишрҳои гуногуни аҳолӣ дар самти ҳалли масъалаҳои экологӣ бо назардошти афзалиятҳои гендерӣ, пешбурди “иқтисоди сабз” ва татбиқи бандҳои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” саъю талоши худро равона мекунанд.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби марказҳои Орхус дар пешбурди принсипҳои конвенсияи Орхус, густариши таҷрибаи пешқадам дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, рӯзҳои 17-18 октябри соли 2023 баргузории Нишасти солонаи Марказҳои Орхус дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст. Изҳори умед карда шуд, ки барои дар сатҳи баланд гузарондани чорабинии дар пешистода ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар қатори Марказҳои Орхуси Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзанд.
Ба иштирокчиён ҳамчунин мавзуъҳои “Механизми огоҳкунии ҷомеа доир ба организмҳои генашон тағйирёфта” (дар мисоли фаъолияти Маркази гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ), “Ҷалби ҷомеа барои иштирок дар қабули қарорҳо вобаста ба амалигардонии принсипҳои иқтисоди сабз ва пешбурди технологияҳои “сабз” дар ҶТ”, фаъолияти Марказҳои Орхус ба таври рӯнамо муаррифӣ карда шуд. Дар охир аз ҷониби намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои бомуваффақона анҷом шудани принсипҳои конвенсияи Орхус таклифҳо пешниҳод гардид.