Иштироки ҳайати Кумита дар “Ҳафтумин Ассамблея ва вохӯриҳои ба он алоқаманди Фонди глобалии экологӣ”
Аз 22 то 26 августи соли 2023 дар шаҳри Ванкувери Канада “Ҳафтумин Ассамблея ва вохӯриҳои ба он алоқаманди Фонди глобалии экологӣ” баргузор мегардад, ки дар он ҳайати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзад.
Бояд қайд намуд, ки Ассамблеяи Фонди глобалии экологӣ (GEF) мақоми олии роҳбарикунандаи Фонди мазкур буда, намояндагии 185 кишвари аъзоро дар бар мегирад. Инчунин, Ассамблея барои баррасӣ ва арзёбии сиёсати умумӣ, амалиёт ва узвияти Фонди мазкур, баррасӣ ва тасдиқи ислоҳоти пешниҳодшуда доир ба таъсиси Фонди глобалии экологии таҷдидшуда ва ҳама гуна тавсияҳои дигаре, ки аз Шӯрои он бар меоянд, масъул мебошад.
Ассамблеяи Фонди глобалии экологӣ дар чор сол як маротиба баргузор мегардад, ки дар он вазирони ҳифзи муҳити зисти мамлакатҳои ҷаҳон ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуда, доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва экология, амалигардонии ташаббусҳо ва ҷалби маблағҳои грантӣ маълумотҳо пешниҳод менамоянд, инчунин нақшаҳои минбаъда доир ба амалигардонии лоиҳаҳои грантӣ, ки аз тарафи Фонди мазкур дастгирӣ меёбанд, мавриди муҳокима қарор медиҳанд.