Гузаронидани амалиётҳои назоратӣ дар ноҳияи Зафаробод
Ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назоратӣ аз ҷониби мутахассиони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Сарраёсат дар ноҳияи Зафаробод ҳолати ифлосшавии манбаъҳои обӣ аз партовҳо ошкор карда шуд. Чунин ҳолат аз сабаби наандешидани чораҳои зарурӣ ва бемасъулиятӣ аз тарафи сардори канали ТМ-1-и Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии н.Зафаробод ба миён омадааст.
Нисбати сардори канали ТМ-1 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 177 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санад тартиб дода шуда, барои бартараф намудани камбудиҳо пешниҳодҳои иҷроишашон ҳатмӣ дода шуд.