Паст кардани хатари тағйирёбии иқлим тавассути баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор
Тағйирёбии иқлим аз ҷумлаи масоили муҳими замон буда, тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва пешгирии таъсири манфии оқибатҳои он бояд чораҳои саривақтӣ андешида шаванд.
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд барои беҳбудии ҳолати экологӣ ва баланд бардоштани дониши экологии ҷавонон бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ҳамкории судманди бисёрсола дошта, дар соли равон низ якҷоя чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд.
Дар идомаи чорабиниҳое, ки рӯ ба бехатарӣ ва амнияти экологии инсон нигаронида шудааст, дар толори меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзуи «Паст кардани хатари тағйирёбии иқлим тавассути баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор» баргузор гардид.
Аз соли 2021 баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», ҳамчун шарики рушди асосии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ҳамкорӣ намуда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва дастрасӣ ба иттилооти экологӣ як қатор чорабиниҳо, аз қабили мизи мудаввар, тренинг ва вохўрию сӯҳбатҳо дар доираи лоиҳа бо дастгирии Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Мақсади асосии лоиҳа ин баланд бардоштани сатҳи дониши мардум, инчунин мусоидат ба ҳамкории боз ҳам бештари ҷонибҳо барои андешидани чораҳо оид ба пешгирии таъсироти манфии тағйирёбии иқлим ва ифлосшавии муҳити атроф мебошад.
То охири соли 2023 баргузории боз як қатор чунин чорабиниҳо пешбинӣ гардидааст, ки мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилоят бо ташкилоти ҷамъиятии мазкур ҳамкориро идома медиҳанд.