Аксияҳои экологӣ дар шаҳри Ваҳдат
Тибқи супоришҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июли соли ҷорӣ дар маркази шаҳри Ваҳдат ҷамоатҳои деҳоти Р. Исмоилов ва Гулистон аксияҳои "Тозагии маҳал-2023", "Тозагии соҳил-2023" ва "Тозагии роҳ-2023" баргузор гардид.
Аксияҳои мазкурро сардори шуъба ва дигар мутахассисони мутасаддӣ ба роҳбарӣ гирифта, мардумро сарҷамъ намуданд то маҳаллу соҳил ва роҳҳо хуб тоза карда, сатҳи маърифатнокии аҳолӣ баланд бардошта шавад. Мардуми шаҳр якҷоя шуда, ба маҳаллаҳои худ баромада, назди бозори марказӣ ва муҳити зисти худро аз партовҳову дигар намуд алафҳо тоза карданд.