Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 420
    Дар асоси нақшаи кории шуьбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров ва нақшаи тасдиқгаштаи...

    Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров             


                                              

    Б.Гафуров аксия.jpg

    Дар асоси нақшаи кории шуьбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров ва нақшаи тасдиқгаштаи Сарраёсат дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Унҷӣ ва ҷамоати шаҳраки Б.Ғафуров бо иштироки васеи аҳолии ҷамоатҳо зиёда аз 200 нафар аксияи «Тозагии маҳал ва шоҳроҳ» гузаронида шуд.

    Рафти аксия аз ҳудудҳои аҳолинишин ва қадди роҳҳо 6 тн партовҳои гуногун бароварда шуд. Баргузории аксия тариқи телевизиони ҷумҳуриявии Синамо ба навор гирифта ва намоиш дода шуд.