Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 704
    24 июли соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита               


                                              


    24 июли соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳафтаинаи Кумитаи мазкур баргузор гашт.

    Дар ҷаласа масъалаҳои ҷории марбут ба фаъолияти сохторҳои соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз тарафи раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қарору фармоишҳо ва протоколҳои ҷаласаҳои қаблӣ аз масъулони иҷро пурсиш ба амал бароварда шуд.

    Аз ҷумла масъалаҳои омодагиҳо ба нишасти матбуотии Кумита, ки охири моҳи июл дар назар дошта шудааст,  40-солагии таъсисёбии мамнуъгоҳи “Дашти Ҷум”, намоиши дастоварҳои соҳавӣ дар рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, масъалаҳои дигари марбут ба фаъолияти сохторҳои соҳавӣ мавриди таваҷҷуҳи раиси Кумита  қарор гирфтанд.

    Бо назардошти баррасии масъалаҳо, пурсиши супоришҳо ва таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдори ҷаласа қабул карда шуд.

    IMG_9562.jpg IMG_9564.jpg