Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 658
    Бо иқдом ва ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри саҳмгузори...

    Дар шафати шоҳроҳҳои мамлакат қуттиҳои оҳанини турӣ барои партовҳои пластикӣ гузошта мешавад             


                                              

    photo_2023-07-19_17-55-31.jpg

    Бо иқдом ва ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри саҳмгузори дар беҳдошти муҳити зист, ҷамъоварӣ ва коркарди дубораи партовҳои пластикӣ, инчунин баҳри коҳиш додани таъсири манфии зарфҳои пластикӣ ба табиат ва баланд бардоштани маърифати эколигии шаҳрвандон, аз ҷониби шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қуттиҳои оҳанини турӣ сохта шуда, дар шафати шоҳроҳҳо, боғҳо ва нуқтаҳои сераҳолӣ насб карда мешавад.

    Айни замон иқдоми мазкур дар шоҳроҳҳои Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Хуҷанд амалӣ гардида, беш аз 35 адад чунин қуттиҳои оҳанини турӣ гузошта шудааст. Дар оянда насби даҳҳо чунин қуттиҳо баҳри ҷамъоварии партовҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ дар назар дошта шуда, беш аз 140 адад қуттӣ дар маконҳои серодами вилоятҳои Суғду Хутлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе давра ба давра насб хоҳад гардид.

    Иқдоми мазкурро сокинони мамлакат дастгирӣ намуда, онро ҳамчун василаи пешгирӣ аз паҳншавии зарфҳои истифодашудаи пластикӣ, ки қад-қади роҳ ва ҷӯйборҳо хеле зиёд ба чашм мерасад, арзёбӣ намуданд.

    Бояд гуфт, ки дар даҳсолаи охир зарфҳои пластикӣ мӯҷиби фоҷиаи воқеии экологӣ гардидааст: дар уқёнуси ҷаҳонӣ доғҳои бузурге аз партовҳо ба вуҷуд омадаанд, ки асосан аз халтаҳои полииэтилении вайроннашаванда ва зарфҳои пластикӣ иборатанд. Солҳои охир чунин вазъ хатари осеб расонидан ба ҳаёт дар рӯи заминро ба вуҷуд овард ва ҷомеаи ҷаҳонӣ тасмим гирифт, ки ҷиҳати ислоҳи он тадбирҳо андешад.

    Моҳи марти соли 2022 Ассамблеяи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (ЮНЕП) қатъномаеро қабул намуд, ки он дар ояндаи наздик ифлосшавии табиат бо маводи пластикӣ ва партовҳои онро манъ мекунад. Ин қатънома даъват мекунад, ки дар давоми даҳ соли оянда истифодаи пластмасса дар 170 кишвари ҷаҳон манъ карда шавад. Тибқи пешгӯиҳо, бидуни тағйироти глобалӣ истеҳсоли маводҳои пластикӣ то соли 2040 ду баробар бештар хоҳад шуд, ки боиси афзоиши назарраси партовҳо дар уқёнус то соли 2050 мегардад.

    Дар ин замина масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаи коркарди партовҳо дар марҳилаҳои аввал ҳамкориро бо бахши хусусӣ тақвият дода, ба роҳ мондани коркарди партовҳои пластикиро дар Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, зеро қисми зиёди партовҳои мамлакати моро маводҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ ташкил медиҳанд. Миқёси ифлосшавии муҳити зист аз маводи пластикӣ дар ҷаҳон воқеан нигароникунанда мебошад, чунки дар ҷаҳон аз миллиардҳо тонна пластикае, ки ҳар сол истеҳсол мегардад, танҳо 14%-и он коркард мешавад. 

    Ин ташаббус сазовори дастгирист ва месазад онро яке аз лоиҳаҳои хурд ва хеле муҳиму самарабахш дар ҳаракати ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист шуморида, аз он метавон дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳру навоҳии мамлакат ба таври васеъ истифода намоянд.