Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 541
    Баҳри иҷрои супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Баргузории аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии роҳ» дар ноҳияи Хуросон

                 


                                              

    Рисунок2.jpg

    Баҳри иҷрои супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Хуросон 12 марти соли 2023 аксияҳои экологии “Тозагии маҳал” ва “Тозагии роҳ” ташкил ва баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар ҷамоати Садридин Айнӣ деҳаҳои Гулистон ва Чорбоғ ва шоҳроҳи Душанбе - Бохтар гузаронида шуд.

    Дар ин чорабинӣ беш аз 210 нафар сокинону кормандони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Инчунин, техникаҳои боркаш сарфарбар карда шуд, ки дар натиҷа 2,3 метри кубӣ партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи расмии интиқол дода шуданд. Дар умум ба масоҳати 4,2 км аз ҳаргуна партовҳо тоза гардид.