Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе
Дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе оид ба натиҷагирии фаъолияти Сарраёсат дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бо ҳузури Мавлодод Абдуқодир, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.
Лоиқ Раҳмонзода, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои фаъолияти Сарраёсат дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ суханронӣ намуд. Бо мақсади беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии шаҳри Душанбе дар самти корҳои ободонию созандагӣ, ниҳолшинонӣ, сабзазоркунӣ, озмунҳои экологӣ як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ гардида, натиҷаҳои назаррас ба даст омад.
Пас аз шунидани маърузаи ҳисоботӣ, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо инобати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳити зист, иҷрои босифати фармоишҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди баргузории аксияҳои “Тозагии соҳил”, “Тозагии маҳал” ва “Тозагии шоҳроҳ” ва сазовор таҷлил намудани 32-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулон дастур дод.