Ҳамкории муштарак бо ШРЭС ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои қонуншиканӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва амалисозии тадбирҳо бобати роҳ надодан ба ифлосии муҳити атроф ва таъмини тозагии гирду атрофи шоҳроҳҳо тибқи фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияҳои экологии “Тозагии маҳал” ва “Тозагии роҳ” роҳандозӣ гардид.
Тибқи иттилои мавҷуда, дар нимсолаи соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт 13 маротиба аксияи “Тозагии шоҳроҳ” доир гардид, ки дар ҷараёни он 3652 нафар иштирок намуда, дар масофаи 25039 м2 шоҳроҳ тоза гашта, дар ҳаҷми 100 м3 партов ҷамъоварӣ ва бароварда шуд.
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ҳамкории муштарак бо Шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати беҳтар намудани ҳавои атмосфера ва бо роҳандозӣ намудани аксияҳои экологӣ ва рейдҳои фаврӣ як қатор қонуншиканиро дар ин самт пешгирӣ намуданд.
Дар ин муддат дар ҷараёни гузаронидани аксияи экологии “Тозагии шоҳроҳ” ва рейдҳои фаврӣ 4008 адад ронандагоне, ки ба қоидаҳои амалкунанда дар самти ҳифзи муҳити зист аҳамият надода, бо нақлиётҳои ифлос дар кӯча ва хиёбонҳои пойтахт ҳаракат мекунад, нисбаташон чораҳои маъмурӣ андешида шуд.
Ҳамзамон дар ин муддат ронандагони воситаҳои нақлиёт барои ифлос кардани роҳҳо 7 протокол, барои аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд будани таркиби газҳои коркарди муҳаррики дарунсӯзи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ 298 ҳолат ва 91 ҳолати беболопӯш интиқол додани маводҳои пошхӯранда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ҳангоми гузаронидани санҷишҳои муштарак дар дидбонгоҳҳои ба пойтахт воридшаванда аз ҷониби мутахассисон маълум гардид, ки заҳрнокии партови сӯзишвории нақлиёт (СО2) аз меъёр зиёд буда, нисбати ронандагон протокол тартиб дода, барои чораҷӯи ба мақомоти дахлдор ирсол гардид.