Вокуниш ба наворе, ки санаи 28 июни соли 2023 дар шабакаи иҷтимоии фейсбук аз тарафи кормандони Радио Озодӣ нашр шудааст
Кумита оид ба муайян намудани далелҳои нобуд сохтани ҳайвоноти ваҳшии намуди хирси тиёншонӣ аз тарафи сокинони деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ, ки навораш санаи 28 июни соли 2023 дар шабакаи иҷтимоии фейсбук аз тарафи кормандони Радио Озодӣ нашр гардидааст, чораҳои мушаххас андешид. Аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ, дар якҷоягӣ бо масъулони минтақаи Урметани Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ” ҷои ҳодиса мавриди азназаргузаронӣ қарор гирифта, санади зарурӣ тартиб дода шуд.
Нозирони масъули ҳифзи муҳити зист хабари мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, муайян намуданд, ки санаи 21 июни соли 2023 ҳайвони ваҳшӣ аз гардишгоҳи №1-и Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ” пайдо гашта, ба деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба хонаводаи шаҳрванд Мелиев С. ҳамла менамояд ва дар ин вақт Мелиев С. бо пайвандонаш хирсро бо сангу чӯб лату кӯб намуда, дар бораи ин ҳодиса ҷангалбони минтақаро хабардор мекунанд. Ҷангалбон барои наҷот додани хирс ба духтури байтор муроҷиат мекунад, вале то расида омадани духтур мутаасифона хирс мефавтад.
Аз тарфи масъулони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд оид ба ин масъала, маводҳо тартиб дода шуда, ба Прокуратураи вилояти Суғд ирсол гардидааст.