Вохӯрии муовини якуми раиси Кумита бо сардори Департаменти иқтисодию экологии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе
Рӯзи 13 июл муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З.С. сардори Департаменти иқтисодию экологии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Рати Ҷапаридзеро ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ масъалаи Нишасти солонаи Марказҳои Орхус дар Душанбе, ки баргузориаш рӯзҳои 17-18 октябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дар Нишасти солонаи Марказҳои Орхус дар Душанбе баррасии се масъалаи асосӣ: Нақши марказҳои Орхус дар ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қабули қарорҳо вобаста ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, мавзуи пешбурди усулҳои иқтисоди “сабз” ва масъалаи идоракунии партовҳои хатарнок бо иштироки намояндагони қариб 60 Марказҳои Орхус аз 14 кишвар дар назар аст.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки сенарияи гузарондани Нишасти солонаи Марказҳои Орхус дар Душанбе рӯзҳои наздик аз ҷониби САҲА омода ва ба роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мувофиқа пешниҳод мегардад.