Сафари кории раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ба ноҳияи Мурғоб ва боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, ки роҳбари гурӯҳи кории Ҳукуматиро оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бар душ доранд, ҳафтаи сипаригашта ба ноҳияи мазкур сафари корӣ анҷом дода шуд.
Зимни сафари корӣ оид ба вусъат додани корҳои сохтмониию ободонӣ, аз ҷумла аз Маркази офиятбахшии ҳайвонотҳои нодир - бабри барфӣ ва дидбонгоҳи сарҳадӣ Маргансу ҷамоати Каракӯл дидан намуда, дар аснои боздид аз иншооти ҷашнӣ машваратҳои сайёр баргузор гардида, масъулини иҷро барои саривақту босифат анҷом додани корҳои ба зимаашонбуда супоришҳои мушаххас гирифтанд.