Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 519
    5 июли соли 2023 дар толори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара бо иштироки муовини якуми раиси...

    Ҷамъбасти фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар  Хатлон дар шашмоҳаи якуми  соли 2023             


                                              

    IMG_9957.jpg

    5 июли соли 2023 дар толори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон    ҷаласа  оид ба натиҷагирии фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон  дар   нимсолаи якуми соли 2023 доир шуд.

    Дар он намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, масъулони дастгоҳи марказии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист, роҳбарияти Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб ва шуъбаю бахшҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд.

    Пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода Зарафо Суфиҷон, кормадони дастгоҳи марказии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро атрофи иҷрои дастуру супоришҳои раиси Кумита бобати ҷоннок намудани кору фаъолият дар шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо, иҷрои нақшаи пардохтҳо, беҳдошти муҳити зист, баланд бардоштани таъмини амнияти экологии аҳолӣ, корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркунию ниҳолшинонӣ, солимгардонӣ, баргузории аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил», «Тозагии роҳ» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар самтҳои мазкур тавсияву маслиҳатҳои судманд дода шуд.

    IMG_9926.jpg IMG_9948.jpg