Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 591
    Дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи...

    Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров             


                                              

    Б.Гафуров 1.jpg

    Дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабинии Сарраёсати   ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Унҷии соҳили дарёи Сир аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.

    Дар аксия сокинони маҳаллаҳо, намояндаҳои корхонаву ташкилотҳо 260 нафар фаъолона иштирок намуда, соҳили дарё аз партовҳои маишии гуногун ва алафҳои бегона ба миқдори 6 м3 пурра тоза карда шуд.

    Рафти аксия тариқи телевизиони ҷумҳуриявии “Синамо” ба навор гирифта шуда, тариқи барномаи иттилоотӣ  намоиш дода шуд.