Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 568
    Бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, тибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист...

    Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Ашт             

                                      


    Бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, тибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҷамоати деҳоти Ашт, Пунук, Понғоз ва Ориёни ноҳияи Ашт аксияи «Тозагии соҳил» бо иштироки беш аз 480 нафар намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии ҷамоати деҳотҳо баргузор гардид.    

    Дар рафти аксия аз тарафи иштирокчиён 12 километр соҳили сойҳо ва ҷӯйборҳо аз партовҳои гуногуни пластикиву истеъмолӣ пурра тоза карда шуда, дар натиҷа ба миқдори 0,5 м3 партов бароварда шуд.