Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 627
    7 июли соли 2023 дар шаҳри Вена Конфронси сатҳи баланди САҲА оид ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид...

    Иштирок дар Конфронси САҲА оид ба тағйирёбии иқлим              


                                              


    7 июли соли 2023 дар шаҳри Вена Конфронси сатҳи баланди САҲА оид ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид.

    Тоҷикистонро дар ҳамоиши мазкур Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода муаррифӣ намуда, зимни ҷаласаҳои кории он дар бораи нақши кишвар дар мубориза бар зидди тағйирёбии иқлим суханронӣ кард.

    Алалхусус ба ҳозирин маълумот дар бораи муҳимияти иқдомҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт, ба мисоли эълон гардидани “Соли 2025 - соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” пешниҳод гардид.

    357780764_602752345304441_4400055254929722243_n.jpg 359136771_602752325304443_7310068895871786651_n.jpg 357729657_602752361971106_6602957431614673626_n.jpg 358104822_602752305304445_4167618206047223326_n.jpg