Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд
Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд, бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф ва бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 32 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд.
Дар аксия кормандони касбу кори гуногун зиёда аз 50 нафар иштирок намуда, аз минтақаи Роҳи Абрешим маҳаллаи 34-ум то кӯчаи Сирдарё бо истифода аз техника аз партовҳои гуногун ва алафҳои бегона тоза карда шуд. Дар натиҷа зиёда аз 100 м3 партовҳо ба партовгоҳи умумишаҳрӣ бароварда шуд.
Бино ба маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд дар дигар маҳаллаҳои шаҳр низ баргузории чунин шанбегиҳо то ҷашнҳои миллӣ пешбинӣ гардидааст.