Баргузории Форум оид ба маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ, Нақшаҳои густурдаи ССММ ва маблағгузории иқлими дар Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе, 3 июли соли 2023 – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда (ССММ) ва Нақшаи маблағгузории иқлимии худро дар Форум оид ба маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқози Ҷанубӣ муаррифӣ кард, ки дар он стратегияи кишвар барои ноил шудан ба ҳадафҳои навшуда ва мукаммали ССММ дар доираи Созишномаи ҷаҳонии Париж муфассал баён шудааст.
Дар Форум, ки аз ҷониби Шарикӣ оид ба ССММ ва Котиботи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба тағйирёбии иқлим ташкил карда шудааст, ҷонибҳои манфиатдори минтақавӣ барои муайян кардани самтҳои ҳамкорӣ дар роҳи татбиқи самараноки ССММ ҷамъ оварда шуданд.
Нақшаи татбиқи ССММ-и Тоҷикистон харитаи роҳро оид ба амалҳои паст кардани таъсирот ва мутобиқшавӣ барои ноил шудан ба коҳишдиҳии назарраси дарозмуддати партовҳои газҳои гулхонавӣ – бештар аз 50% аз сатҳи соли 1990 то давраи соли 2030 пешниҳод мекунад ва устувории кишварро ба тағйирёбии иқлим баланд мебардорад. Дар Нақша тақрибан 100 амалҳои паст кардани таъсирот ва мутобиқшавӣ дар бахшҳои сершумор, аз ҷумла энергетика, раванд ва истифодаи саноатӣ, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал, истифодаи замин ва партовҳо муайян карда шудаанд.
Тахмин меравад, ки 7%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон барои маблағгузории ҳамаи ҳадафҳои Нақшаи татбиқсозӣ зарур хоҳад буд. Ҳамин тариқ, Нақшаи маблағгузории иқлимӣ, ки бо дастгирии Бонки Осиёии рушд (БОР) таҳия шудааст, барои муайянсозӣ, сафарбаркунӣ, баҳодиҳӣ ва васеъ намудани маблағгузории байналмилалии иқлимӣ баҳри мусоидат ба Тоҷикистон дар ноилшавӣ ба ин ҳадафҳо хизмат мекунад.
«Мо хушҳолем, ки дар ин форуми муҳими минтақавӣ, бахусус дар байни бисёре аз ҳамкасбон ва коршиносони мӯҳтарам нақшаҳои бузурги худро марбут ба ССММ ва иқлим муҳокима мекунем», - гуфт Абдуқодир Мавлодод, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. «Мо омодаем, ки бо шарикони рушд ва дигар ҷонибҳои манфиатдори ҳам маҳаллӣ ва ҳам байналмиллалӣ ҳамкорӣ кунем, то ин нақшаҳоро амалӣ сохта, дар ниҳоят ба ҳадафҳои худ марбут ба ССММ ё аз он ҳам бештар бирасем ва дар ин лаҳзаи таъхирнопазир ба амали ҷаҳонӣ вобаста ба иқлим саҳм гузорем».
«Ин чорабинӣ аз он ҷиҳат беназир аст, ки он ба ҳамкорӣ дар минтақае мусоидат мекунад, ки он бо дарназардошти ҷуғрофияи хушки минтақа ва надоштани баромад ба баҳр махсусан дучори таъсири тағёирёбии иқлим мегардад», гуфт Муовини директор оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳо дар Шарикӣ оид ба ССММ Эстефаниа Ардила. «Ин гуна иқдому чорабиниҳо бебаҳоянд. Онҳо вазифаҳои марбут ба ташаккули иқтидор ва омӯзиши ҳамтоёнро иҷро мекунанд ва барои таҳияи роҳҳалҳои нави иқлимӣ, ки ба минтақаи мушаххас ва кишварҳои он мувофиқанд, имконият фароҳам меоранд».
Шарикӣ оид ба ССММ беш аз 200 узв, аз ҷумла беш аз 115 кишвари пешрафта ва рушдкунанда ва беш аз 80 муассисаро барои ташаккул ва амалӣ кардани амалҳои бузурги иқлимӣ муттаҳид мекунад, ки барои расидан ба Созишномаи Париж ва Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) мусоидат мекунанд.