Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 549
    30 июни соли ҷорӣ мулоқоти Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии...

    Мулоқоти раиси Кумита бо сафири ИМА дар Тоҷикистон                 


                                              


    30 июни соли ҷорӣ мулоқоти Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Мануэл Микаллер баргузор гардид.

    Дар мулоқот масоили ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи ҳифзи гуногунии биологӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ шуд. Раиси Кумита оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳкими иқтидори мутахассисон ва таҷҳизоти техникии минтақаҳои муҳофизатшаванда қайд намуд.

    Раис зарурати таҳияи стандартҳои экологиро, ки ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд қайд кард.

    Инчунин, зимни вохӯрӣ масъалаҳои зарурати таҷдиди Агентии обуҳавошиносии кишвар ҷиҳати назорат ва пешниҳоди маълумоти дақиқ оид ба сифати об ва ҳаво мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Баҳси омодасозии павилиони Тоҷикистон дар СОР дар Дубай баррасӣ шуд.

    Ҳамучунин, зимни вохӯрӣ раиси Кумита намояндагони Сафорати ИМА ва USAID – ро барои ширкат дар Форуми миллии рушд, ки аз 3 то 7 июли соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад даъват намуд.

    Сафири ИМА барои ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими ҳамкориҳои мутахассисони ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ кард.

    IMG_20230702_001624_293.jpg IMG_20230702_001631_910.jpg IMG_20230702_001626_393.jpg IMG_20230702_001634_679.jpg